Феврал 20, 2022 11:45 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Узбакистон барои баргузории ҷашни Наврӯз

Ҷашни миллии « Наврӯз » дар Узбекистон бо шиори « Салом Наврӯз ; ҷашни таҷдиди зиндагӣ,меҳрбонӣ, иззат ва каромат » ба унвони ҷашни саросарӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс,Шавкат Мирзиёеваиси ҷумҳурии Узбакистон фармонеро дар мавриди омодагӣ ва баргузории ҷашни миллии « Наврӯз » дар соли 2022 содир кард . Бар асоси ин фармон барои баргузории ин ҷашн дар сатҳи боло дар манотиқ барои созмондеҳӣ дар рӯзҳои ҷашни « Наврӯз » маросимҳои маънавии мунъакискунандаи ҳамоҳангии байни инсону табиат, ишқ ва муносибати вай нисбат ба Заминодар тавваҷуҳи вижа дода хоҳад шуд .
Ҳамчунин барномаҳои хайрия барои эҳтирому такрим аз куҳнасарбозон, солмандон, муроқибат аз ҷавонон, ироаи кумак ба донишомӯзон дар марокизи бесарпарастони « Меҳрбонӣ » ва « Мурувват » дар назар гирифта шудааст .

Дар остонаи ҷашни « Наврӯз » иқдомоти довталабона дар ободонӣ ва дарахткорӣ дар ҳамаи манотиқ дар ҳар ноҳияу шаҳри ин кишвар анҷом мешавад.
Илова бар ин намоишгоҳҳои саноеъи дастӣ, мусобиқоти варзишҳои миллӣ ва намоишгоҳҳои китоб баргузор ва дар маҳали баргузории маросимҳои ҷашни « Наврӯз » ғизоҳои суннатии баҳорӣ таҳия мешавад.
Мардуми Узбекистон имсол ҷашни бостонии « Наврӯз »-ро ба муддати 5 рӯз яъне рӯзҳои 19, 20, 21, 22 ва 23 март ҷашн мегиранд.