Феврал 22, 2022 18:24 Asia/Dushanbe
  • Номи Ғанӣ аз феҳрасти сарони давлатҳои ҷаҳон пок шуд

Созмони Миллали Муттаҳид дар феҳрасти сарони давлатҳои ҷаҳон, номи раиси ҷумҳурии пешини Афғонистонро ба унвони раиси давлати ин кишвар пок кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин феҳраст, ки дар сомонаи расмии Созмони Миллал нашр шуда аст, номи Руло Ғанӣ, ҳамсари Ашраф Ғанӣ низ ба унвони боуни нахусти Афғонистон пок шуда аст.

  • Дар ҳамин ҳол симати раиси давтали Афғонистон дар ин феҳраст раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон навишта шуда аст.
  • Номи Муҳаммад Ҳаниф Атмар, ба унвони вазири умумри хориҷаи Афғонистон аз ин феҳраст пок шуда аст.

Аммо номи Насир Аҳмад Фоиқ, ҳамчунон ба унвони намояндаи доими Афғонистон дар Созмони Миллал ва дар феҳрасти раисони намояндагиҳои дипломатики кишварҳо дар ин Созмон мавҷуд аст.

 

Барчасп