Феврал 23, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Толибон далели нарасидани оби руди Ҳирмандро ба Эрон мушкилоти фаннӣ хонд

Вазири энергетика ва оби ҳукумати Толибон дар вокуниш ба тазаккурии мақомоти эронӣ дар бораи нарасидани оби руди Ҳирманд гуфтанд: оби ин рӯдхона ба далели мушкилоти фаннӣ то кунун ба Эрон нарасида аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазоратхонаи энергетикаи Толибон бо нашри иттилоъияе эълом кард, ҳукумати Толибон ба муъоҳидае, ки миёни Афғонистон ва Эрон дар мавриди ҳақобаи Ҳирманд дар соли 1351 хуршедӣ, мунъақид шуд, уҳдадор аст.

  • Дар ин иттилоъия омада аст: Агар ҳануз ҳақоба ба Эрон нарасида аст ба далели мушкилоти фаннӣ буда ва амдӣ нахоҳад буд.
  • Вазорати энергетикаи ва оби Толибон гуфт: Мушкилот ба зуди бартараф хоҳад шуд.

 

Барчасп