Феврал 24, 2022 12:28 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо намояндаи Эрон дар умури Афғонистон

Сарпарасти Вазорати хориҷаи Толибон бо намояндаи Эрон дар умури Афғонистон мулоқот кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирхони Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷа бо Ҳасани Козими Қумӣ, намояндаи вижаи Эрон дар умури Афғонистон дар Кобул дидор кард.

  • Ҳафиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати хориҷа, дар паёмҳое дар саҳифаи маҷозӣ гуфт дар ин дидор Абдулатифи Мансур, сарпарасти Вазорати обу барқ низ ҳузур дошта аст.
  • Муовини сухангӯи Вазорати хориҷа афзуд: Дар ин дидор вазъияти иқтисодии Афғонистон, равобити сиёсӣ ва таҳавулоти мусбат мавриди баррасӣ қарор гирифт.
  • Ӯ таъкид карда аст, ки ин нишаст мусбат буд ва барои эҷоди равобит ва тавсеаи иқтисодӣ миёни ду кишвар ва тадовуми он таъкид шуд.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор дар мавриди мавзӯъи нарасидани оби Ҳирманд ба Эрон низ гуфтугӯ шуда аст.

 

Барчасп