Кремл: Ҳадафи Русия нобудии артиши Украина нест
(last modified Thu, 24 Feb 2022 15:11:32 GMT )
Феврал 24, 2022 20:11 Asia/Dushanbe
  • Кремл: Ҳадафи Русия нобудии артиши Украина нест
    Кремл: Ҳадафи Русия нобудии артиши Украина нест

Сухангуи раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард: Ҳадафи Маскав нобудии артиш нест балки хоҳони тавақуфи низомӣ шудани ин кишвар аст.

Дмитрий Песков, сухангуи раиси Ҷумҳурии Русия рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Русия 24 гуфт, Русия нобудии артиши Украина дар ҷараёни ҳамалоти низомиро ба унвони як ҳадаф дунбол намекунад, балки ҳадафи Маскав беасар кардани тавонмандии низомии Украина аст.

Мақоми аршади Кремл афзуд: Ин амалиёти низомӣ дар Украина воқеъан барои аз байн бурдани тавонмандии низомии Украина иҷро мешавад, ки ахиран аз ҷумла бо талош ва кушиш ва кумакҳои кишварҳои дигар тавсеа ёфта буд.

Сухангуи раиси Ҷумҳурии Русия дар бахши дигар аз суханони худ хотирнишон кард: Бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи назарсанҷиҳо мардуми Русия аз амалиёти низомӣ барои тавақуфи низомӣ кардани Украина ҳимоят мекунанд.

Дмитрий Песков афзуд: Ҳимояти мардуми Русия аз ин амалиёти низомӣ камтар аз расмият шинохтани Ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск нест.

Натиҷаҳои назарсанҷии маркази мутолеъоти афкори умумии Русия нишон дод, ки 73 дарсад мардуми ин кишвар аз ба расмият шинохтаним ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск аз сӯи Маскав ҳимоят меукнанд.

Владимир Путин раиси Ҷумҳурии  Русия, ки ба тозагӣ ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохта буд, бомдоди имрӯз фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбассро содир кард.

Ҳамакнун ба далели амалиёти Русия дар саросари Украина ҳукумати низомӣ ташкил шуда аст.