Феврал 26, 2022 12:54 Asia/Dushanbe
  • Мавзеи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қазияи Украина

Коршиноси масоили минтақаӣ мавзеи кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба тасмими Русия барои ба расмият шинохтани истиқлоли Донетск ва Луганскро баррасӣ кард.

Ба гузориши Форс , Ҳусейн Усубалиев, коршиноси масоили минтақа гуфт: Кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба иқдоми Русия дар мавриди ба расмият шинохтани истиқлоли Донетск ва Луганск, ба гунае пеш хоҳанд рафт, ки ҳам ноқизи тааҳҳудоти худ дар баробари Маскав нашаванд ва ҳам иртибот ва таъомулоташон бо кишварҳои ғарбиро ҳифз кунанд.

Вай афзуд, ҳамонгуна, ки интизор мерафт Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск дар шарқи Украинаро ба расмият шинохт ва ин иқдомро гоме ниҳоӣ ва ногузир барои ҷилавгирӣ аз як ҷанги тамомайёр ва хунин дар минтақа эълом кард. Ин рӯйдод дар фазои расонаии Русия ба унвони иқдоме нохоста ва иҷборӣ талаққӣ мешавад, ки ҳадаф аз он ҳифозат аз мардум ва ғайринизомиён аст.

Ӯ идома дод, бо ин вуҷӯд, дар ҳоли ҳозир ба таври мутмаин наметавон гуфт, ки ин иқдоми Маскав то куҷо мавриди ҳимояти қотеъи худ мардуми Русия хоҳад буд, вале собиқаи пуштибонӣ аз истиқлоли ҷумҳуриҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия ва ба хусӯс илҳоқи Қрим ба Русия нишон медиҳад, ки ҷамъияти ин кишвар дар мавориди марбӯт ба манофеи муҳими миллӣ аз тасмимот Кремл  ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳусейн Усубалиев изҳор кард, дар маҷмӯъ ҳамон гӯна, ки вуҷӯди ҷумҳуриҳои ҷадид дар қаламрави Шуравии собиқ аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври асосӣ ба расмият шинохта нашуданд Донетск ва Луганск низ дар нақшаи ҷаҳон ба сӯрати тулони‎‎‎‎‎‎муддат дар вазъияти таҳти ҳимояи Русия боқӣ хоҳанд монад. Барои ин ҷумҳуриҳо чунин вазъияте танҳо роҳи иҷтиноб аз қарор гирифтан дар маърази таҳдидоти низомӣ хоҳад буд.

Вай тасреҳ кард, бо тавваҷуҳ ба нақши Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, наметавон ба таври ҷиддӣ интизори вокунишҳое дар робита бо мавзӯи истиқлоли Донетск ва Луганск аз сӯи ин созмонро дошт, ҳамчунин баъидаст Созмон Ҳамкории Шанхай ба ин зуддӣ баёнияе пахш кунад, ҳарчанд бо тавваҷуҳ ба мавзеи ёд шудаи Чин, мумкин аст хостори ҳифзи субот ва идомаи ройзанҳо шавад.

Ӯ афзуд, эҳтимолан кишварҳои Осиёи Марказӣ низ тайи ин рӯзҳо нисбат ба ин мавзӯ вокуниш нишон хоҳанд дод. Баназар мерасад, Қазоқистон ба унвони наздиктарин муттаҳиди Русия қабл аз дигарон изҳори назар хоҳад кард. Бо ин ҳол наметавон ин интизорро дошт, ки Қазоқистон дар масири ҳимоят аз тасмими Кремл пеш биравад, балки мавзеъе мушобеҳ ба қазияи Қримро хоҳад гирифт.

 

Барчасп