Ифшогарии CNN дар бораи таҳдиди Трамп барои бомбаборони Русия ва Чин
Порстудей - Шабакаи телевизиюнии “CNN “ бо истинод бар як файли савтии марбут ба соли 2024 гузориш дод, ки раиси ҷумҳурии Амрико , барои мунсариф кардани Русия дар ҳамла ба Украин ва низ боздорандагии ҳамлаи эҳтимолии Чин ба Тайван , Маскав ва Пекинро таҳдид ба бомбаборон карда буд .
Ба гузориши Порстудей ба нақл аз ИРНА, Трамп соли гузашта дар як гирдиҳамоии хусӯсии ҷамъоварӣ кумакҳои молӣ гуфта буд, ки як бор барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина таҳдид карда буд Маскавро бомбаборон хоҳад кард .
Трамп гуфт : Ба Владимир Путин-раиси ҷумҳурии Русия гуфтам агар ба Украина ҳамла кунед , Маскавро бомбаборон хоҳам кард ; Шумо интихоби дигаре надоред . Сипас Путин гуфт, ки ҳарфи туро бовар намекунам, аммо ӯ 10 дарсади онро бовар кард .
Трамп сипас муддаӣ шуд, ки ҳушдори мушобеҳиро ба Ши Ҷейн Пинг-раиси ҷумҳурии Чин дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Тайван додааст.