Таъсири ҷанги Русия дар Украина бар кишварҳои Осиёи Марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i82170-Таъсири_ҷанги_Русия_дар_Украина_бар_кишварҳои_Осиёи_Марказӣ
Ҷанги Русия дар Украина бар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир гузоштааст.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Март 04, 2022 16:13 Asia/Dushanbe

Ҷанги Русия дар Украина бар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир гузоштааст.

Чанд рӯзе аст, ки Русия ҷанг алайҳи Украинаро оғоз кардааст.

Иқдоми ҷангии Русия сабаб шуда, ки Ғарб ин кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонии иртибототи молии байнибонкӣ (СВИФТ) таҳрим кунад.

Дар Тоҷикистон бонкҳо барои пешгирӣ аз паёмадҳои қатъи дастрасии бонкҳои Русия ба низоми СВИФТ омодагӣ доранд.

Қатъи иртиботи бонкҳои Русия аз низоми байналмилалии бонкии СВИФТ метавонад дар низоми бонкии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон асар бигузорад.