Сафари ҳунармандони Театри арӯсакии минтақаи Фарғонаи Узбакистон ба Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i82448-Сафари_ҳунармандони_Театри_арӯсакии_минтақаи_Фарғонаи_Узбакистон_ба_Тоҷикистон
Ҳунармандони Театри арӯсакии минтақаи Фарғонаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 09, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳунармандони Театри арӯсакии минтақаи Фарғонаи Узбакистон ба Тоҷикистон

Ҳунармандони Театри арӯсакии минтақаи Фарғонаи Узбакистон ба Тоҷикистон меоянд.

Ба гузориши «Ховар», аз 11 то 20 март ба муносибати Наврӯз ҳунармандони Театри давлатии арӯсакии минтақаи Фарғонаи Узбакистон аз Театри давлатии арӯсакии Душанбе боздид хоҳанд кард.

Дар ин боздид ҳунармандони узбакистонӣ намоиши «Чойхонаи мусиқӣ» - ро барои мухотабони тоҷик иҷро мекунанд.

Нависанда ва коргардони намоиши «Чойхонаи мусиқӣ» Сергей Садохин аст.