Март 12, 2022 21:22 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Бишкек барои миёнҷигарӣ дар муноқишаи Русия ва Украина
    Омодагии Бишкек барои миёнҷигарӣ дар муноқишаи Русия ва Украина

Вазири хориҷаи Қирғизистон гуфт: Бишкек аз ҳар гуна талош барои миёнҷигарӣ дар ростои эҷоди сулҳ байни Русия ва Украина ҳимоят мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ҳошияи Маҷмаъи дипломотики Анталя, Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо Ҷайҳон Бойромов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор ва дар мавриди вазъияти феълии Украина гуфтгӯ карданд.

  • Дар ин дидор хотирнишон шуд Қирғизистон аз оғози раванди музокироти байни Русия ва Украина барои ҳаллу фасли мусолиматомези муноқиша ҳимоят мекунад ва алоқаманд ба дастёбии  фаврии тарафайн ба роҳи ҳалҳои қобили қабули дуҷониба ва аввал аз ҳама оташбас ва коҳиши буҳрон аст.
  • Қазоқбоев таъкид кард ҳар гуна даргирӣ бояд мунҳасиран бо абзорҳои сиёстӣ ва дипломотӣ ҳаллу фасл шавад, аз ҷумла бо эҷоди қолабҳо ва созукорҳои ҷадид дар сурате, ки фурсатҳои мавҷуд аз кор уфтода бошанд.
  • Вай гуфт: Тарафи Қирғизистон аз ҳаргуна талоши миёнҷигарӣ дар ин росто ҳимоят мекунад ва дар сурати лузум омодагии худро барои кумак ба барқарории сулҳ ва тафоҳуми мутақобил эълом мекунад.
  • Вай дар ҳоли ҳозир ба таҷрубаи мусбати Бишкек дар маъмуриятҳои миёнҷигарӣ ишора кард.

Гуфта мешавад, ки тарафайн ҳамчунин бар ҳифзи сатҳи болое аз равобити Қирғизистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тариқи созмондиҳи, ройзаниҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷа нишасти комисёни байнидавлати ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши чорчуби қонунӣ байни Қирғизистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тавофуқ карданд.

 

Барчасп