Март 14, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Бухоро мизбони нишасти Шурои ҳамоҳангкунандагони миллии СҲШ

Нишасти давраии Шурои ҳамоҳангкунандагони миллии Созмони Ҳамкории Шанхай ба раёсати Узбакистон дар шаҳри Бухоро оғоз шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар ифтитоҳияи ин нишаст, ки ба сурати нимаҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор мешавад, Владимир Норов, муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон, ҳамоҳангкунандагони миллии Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин раисони созмонҳои доимии СҲШ ширкат карданд.

Дар ин дидор бар тамҳидоти нишасти қарибулвуқуи Шурои руасои ҷумҳурии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки 5 ва 16 сентябри соли 2022 мелодӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таъкид шуд.

Ҳамчунин дар мавриди барномаи маросимҳои аслии раёсати Узбакистон дар СҲШ ва ҳамчунин тарҳҳои асноди танзимшуда тавассути тарафи ӯзбакистонӣ табодули назар мешавад.

Нишасти давраии Шурои ҳамоҳангкунандагони миллии Созмони Ҳамкории Шанхай то 14 март ба кори худ идома медиҳад.

Узбакистон аз сентябри соли 2021 раёсати СҲШ - ро бар ӯҳда дорад.

Нишасти қаблии Шурои ҳамоҳангкунандагони миллии СҲШ 26 ва 28 январи соли ҷории мелодӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.

 

Барчасп