Март 18, 2022 18:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарпарасти Сафорати Эрон бо вазири дохилаи давлати муваққати Афғонистон

Муовин ва сарпарасти Сафорати Эрон дар Кобул ва вазири дохилии ҳукумати Толибон дар бораи мушкилоти пешомада дар марзҳои муштараки Эрон ва Афғонистони дидору гуфтугӯ карданд.

Сайид Ҳасани Муртазавӣ дар дидор бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии давлати муваққати Толибон, бо ишора ба бархе мушкилоти марзии пешомада миёни низомиёни Эрон ва нерӯҳои марзии давлати муваққати Толибон, ташкили ҳайати муштараки марзӣ дар сареътарин замонро нисбат ба ҳалу фасли бархе сӯитафоҳумҳои марзӣ хостор шуд.

Вазири дохилаи давлати муваққати Толибон низ бо истиқбол аз пешниҳоди сарпарасти Сафорати Эрон дар Кобул гуфт, полиси давлати муваққати Толибон ниёзманди омӯзиш ва тавонмандсозӣ аст ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо таҷрибаи худ дар ин замина метавонад ба нерӯҳои полиси Афғонистон омӯзиш диҳад.

Вазири дохилаи Толибон бори дигар бар ин нукта таъкид кард, ки ҳукумати Толибон бо ҳар гуна ҳаракати шибҳинизомӣ ва террористӣ дар дохили хоки Афғонистон муборизаи ҷиддӣ хоҳад кард ва иҷоза намедиҳад аз хоки ин кишвар таҳдиде мутаваҷҷеҳи кишварҳои ҳамсояи Афғонистону соир кишварҳо шавад.

 

Барчасп