Март 27, 2022 10:08 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тағйири тақвими Афғонистон аз шамсӣ ба қамарӣ
    Таҳлил: Тағйири тақвими Афғонистон аз шамсӣ ба қамарӣ

Гурӯҳи Толибон, ки ҳокмият дар Афғонистонро аз 15 августи соли 2021 ба даст гирифта аст, тақдими шамсии ин кишварро ба тақвими қамарӣ тағйир дод.

Ба сабаби дастуруламали Толибон аз аввали соли қамарӣ, ҳамаи мукотибот ва ирсолот бар асосӣ тақвими қамарӣ хоҳад буд.

Паз аз мухолифати Толибон бо баргузории маросими Наврӯз ва лағви таътилии он қобили пешбини буд, ки ин гурӯҳи ифротӣ барои ҳувиятзудоӣ аз фарҳанг ва таъирихи миллӣ ва суннатии Афғонистон, даст ба ин иқдомоти дигар низ бизанад, бедуни шубҳа мабнои Наврӯз, тағйири тақвими он дар аввали фарвардин аст, ки Толибон аз чанд рӯз монда ба Наврӯз мухолифати худро бо он иброз кард.

Пеш аз он низ Толибон бо ботил эълом кардани парчами Афғонистон нишон дода буд, ки хоҳони тағйири асосӣ бо ҳувиятзудоии миллӣ дар ин кишвар аст ва онро бо ҷиддият дунбол мекунад.

Амини Фарҷод, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Мардуми Афғонистон бо чунин мушкилоти рӯзмараи зиндагӣ аз ҷониби Толибон мувоҷеҳ ҳастанд, ки дидгоҳи ин гурӯҳ, тағйири тақвими расмии ин кишвар аз шамсӣ ба қамарӣ авлавияти онҳо нест ва муқовимат дар баробари он нахоҳад дошт дар ин ҳол Толибон аз ҳамон аввали касби ҳокимияти муҷадад, муқобилаи худро бо фарҳанги миллӣ ва суннатии мардуми Афғонистон, яъне забони форсӣ оғоз кард, ки бояд мунтазири барномаҳои баъдии Толибон дар ин хусус буд.

Биёре аз коршиносон иқдоми Толибон дар тағйири тақвимии шамсӣ ба қамариро бисёр фаротар аз муқобила бо фарҳанги миллӣ ва суннати Афғонистон медонанд ва бар ин эътиқоданд ин гурӯҳ  бисёр ҳисобшуда дар ҳоли нобуд карани муаллифаҳои геопалитикии Афғонистон дар ҳавзаи тамадуни форсӣ аст.

Иқдомоти ахири гурӯҳи Толибон дар форсизудоӣ дар китобҳо, тоблуҳо ва гуфторҳои расонаӣ нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ хези баландеро барои ҳувиятзудоии фарҳангӣ ва тамадунӣ дар Афғонистон бардошта аст то ин кишварро дур аз фарҳанги форсӣ ва осори он намояд ин ба он маъно аст, ки Толибон таҳти унвони ба истилоҳ омӯзаҳои исломӣ дар ҳоли нобуд кардани решаҳои ҳавзаҳои тамадунии форсӣ дар Афғонистон аст, ки метавонад ҳаракати ҳисобшуда ва дар ҳоли ҳозир хатарнок бошад.

Абулфазли Зуҳраванд, коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора бар ин эътиқод аст: Яке аз маъмуриятҳои Толибон дар давраи ҳокимияти ҷадидаш, ки бо шохаҳое аз Толибони фароафғонӣ идғом шудааст, ҳувиятзудоии форсӣ ва нобуд кардани решаҳои геополитикии ҳавзаи тамадуни форсӣ аст, чаро, ки ин ҳувият сабаби хатарноке барои дигар кишварҳои фоқиди ҳувияти таърихӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

Дар ҳар ҳол, Толибон ва ҳомиёни он бар ин тасавуранд, ки бо лағв ва тағйири намодҳои фарҳанги форсӣ ва ҳавзаи тамадунии он, битавонанд роҳи тавсеаи нуфузи фарҳанги форсиро дар ҳавзаи тамадунии худ сад кунанд, ин дар ҳоле аст, ки мардуми Афғонистон бо баргузории худҷуши маросими Наврӯз нишон доданд, ки ба ойин ва расмҳои суннатӣ ва миллии худ пойбанданд ва ҳозир ба барчидани дастури маросимҳои худ нестанд, зеро онҳоро аз бахши ҷудоинопазире аз ҳавзаи тамадуни форсӣ медонанд, ки ҳувият ва асолаташонро аз он мегиранд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп