Ҷабборов хостори муҳокимаи ошкори раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон шуд
Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар сафҳаи Фейсбуки худ хостори муҳокимаи ошкори Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар шуд.
Ба гузориши “Форс”, Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар сафҳаи Фейсбуки худ дар мавриди Отамбоев навишт ва хостори муҳокимаи ошкори вай шуд.
Ҷабборов ҳушдор дод, ҳама дар баробари қонун баробар ҳастанд ва муттаҳам бояд дар додгоҳ собит кунад, ки бегуноҳ аст.
Вай бо ишора ба ин ки дар ин миён баҳси интиқом дар кор нест, гуфт: Мо ҳама дар баробари қонун яксон ҳастем. Агар шумо таҳти таъқиб ҳастед, ба додгоҳ бигӯед ва бегуноҳии худро собит кунед. Ман ҳам як вақт дастгир шудам ва ба додгоҳ рафтам. Ман ҳаргиз сарпечӣ накардам ва аз додгоҳ фирор накардам. Ман қонунро риоят кардам. Биёед ҳама қонунро риоят кунем то назме дар кишвар ҳоким шавад. Ман аз ин фурсат истифода мекунам ва аз қозӣ ва додситон, ки дар ҳоли расидагӣ ба парвандаи Отамбоев ҳастанд дархост мекунам, ки додгоҳи вайро кушода баргузор кунед то хабарнигорон ҳам ҳузур дошта бошанд.