Туркия ва Узбакистон 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд
(last modified Wed, 30 Mar 2022 09:32:49 GMT )
Март 30, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Туркия ва Узбакистон 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд
    Туркия ва Узбакистон 10 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия бо сафар ба Узбакистон ва дидор бо Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбакистонии худ 10 санади ҳамкорӣ имзо кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар талош аст то барои ғалаба бар буҳронҳои иқтисодӣ ва беҳбуди арзиши пули миллии ин кишвар, равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомии густарда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Узбакистон эҷод кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Анадолу", санадҳои ҳамкории ҷадид миёни Туркия ва Узбакистон дар заминаҳои тиҷорӣ, низомӣ, илмҳои фазоӣ, беҳдошту дармон ва кору амнияти иҷтимоӣ аст.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия дар нишасти хабарии муштарак бо Мирзиёев гуфт: Дар натиҷаи музокирот бо Узбакистон равобити Анкара ва Тошканд ба марҳалаи ҳамкории роҳбурдӣ расидааст.

Ба гуфтаи Эрдуғон мизони тиҷорати Туркия бо Узбакистон дар соли гузашта бо афзоиши наздик ба 72 дарсад, аз 3 миллиарду 600 миллион доллар гузаштааст.

Бар асоси ин гузориш, Туркия дар талош аст то мизони тиҷорати худ бо Узбакистонро ба панҷ миллард доллар дар сол бирасонад.

 

Бештар бихонед: