Коҳиши чашмгири нархи доллару евро дар Қирғизистон
Нархи расмии доллару евро дар Қирғизистон коҳиш ёфт ва ба сатҳи қабл аз буҳрон бозгашт.
Дар рӯзҳои гузашта дар Қирғизистон ҳама арзҳои аслӣ, суқӯт карданд ва Бонки марказии ин кишвар иллати коҳиши арзиши доллару евроро талоши кишварҳои дигар барои беҳбуди арзиши пули миллӣ дар баробари доллар донист.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳоли ҳозир қимати доллар аз 105 сум Қирғизистон ба 84 сум ва евро ҳам ба 94 сум коҳиш ёфтааст.
Бо ин ҳол, қимати сӯхт ва бархе ақломи маводи ғизоӣ дар Қирғизистон, ки бо афзоиши нархи доллар афзоиш ёфта буд, ҳамчунон тағйире накардааст.
Пеш аз ин нархи доллар дар Қирғизистон пас аз ҳамагирии вируси карона ва шароити нобасомони иқтисодии ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфта буд.
Бештар бихонед: