Чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба-меҳвари дидори нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон
(last modified Sun, 03 Apr 2022 10:26:53 GMT )
Апрел 03, 2022 15:26 Asia/Dushanbe
  • Чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба-меҳвари дидори нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон

Қирғизистон Нахуствазирони Узбекистону Қирғизистон дар шаҳри Ӯш дидор карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Абдуллоҳ Орифовахуствазири Узбекистон ва Оқилбек Ҷабборов-нахуствазири Қирғизистон дар шаҳри Ӯш дидор ва чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд .
Оқилбек Ҷабборов дар ин дидор гуфт : Узбекистон барои Қирғизистон як ҳамсояи қобили эътимод, шарики роҳбурдӣ ва давлати бародар аст . Мо хостори тавсеяву таҳкими беш аз пеши равобити дуҷониба дар тамом абъод ҳастем .
Вай афзуд : Мо аз мақомоти Узбекистон барои сохти мактабҳо дар рӯстоҳои Самарқандик ва Моргун дар устони Боткан ва ҳамчунин бозсозии театри мусиқӣ ва драмаи давлатии Ӯш ба номи Бобур қадрдонӣ карда ва ин тасмими тарафи бародари узбекӣ як нишонаи боризи дӯстии байни мардуми ду кишвар мебошад .

Нахуствазири Узбекистон низ ба навбаи худ аз пазироии самимии мақомоти Қирғизистони қадрдонӣ ва бар аҳамияти тавсеа беш аз пеши равобити дуҷониба таъкид кард .
Вай афзуд : Ҳамакнун байни ду кишвари тарҳҳои муштарак дар заминаҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва таъминотӣ иҷро мешавад ва барои ҳимояти молӣ аз тарҳҳо бунёди тавсеаи Узбекистону Қирғизистони эҷод шудааст .

Дар ин дидор масойили рӯзи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл,таъминоти коло ва тиҷорати марзӣ баррасӣ шуд .
Қирғизистон истиқлоли Узбекистонро 29 сентябри соли 1992 милодӣ ба расмият шинохт .