Дидори намояндагони тоҷику қирғиз дар марз
Дар гузаргоҳи сарҳадии Гулистони шаҳри Исфара мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Ҷонибҳо зикр намуданд, ки тоҷикону қирғизҳо асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъанаҳои неки.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирӣ кардан аз муноқишаҳо ва ё ҳолатҳое, ки боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, шуданд.
Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон изҳор доштанд, ки мардумони ин ду кишвар асрҳо дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ риоя карда шавад
Илова бар ин таъмин намудани амнияти сокинони Тоҷикистону Қирғизистон аз масъалаи дигаре буд, ки мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин самт қайд гардид, ки ҷонибҳо бояд дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ кор кунанд.
Ҳамчунин масъалаи истифодаи захираҳои обӣ низ баррасӣ шуд ва ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар сатҳи муовинони раисони вилояту роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.