Низомиёни изофӣ аз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хориҷ мешаванд
(last modified Wed, 13 Apr 2022 06:30:21 GMT )
Апрел 13, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Низомиёни изофӣ аз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон хориҷ мешаванд

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи берун бурдани нерӯҳо аз минтақаҳои наздисарҳадӣ ба тавофуқ расиданд.

Бино ба навиштаи сомонаи Sputnik, Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки ин тасмим яке аз қарорҳое мебошад, ки дар ҷараёни мулоқоти сардори бахши сарҳадбонии вилояти Бодканд Киялбек Толонбоев бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков қабул шудааст.

Сухангӯи маркази матбуъотӣ КДАМ Қирғизистон таъкид кардааст, “Дар ҷараёни музокирот яке аз масъалаҳои муҳим ин берун кашидани нерӯҳои иловагӣ ва ба баргардонидани онҳо ба ҷойҳои истиқрори доимӣ буд. Билофосила ҷонибҳо дар бораи берун бурдани нерӯҳои худ аз минтақаҳои наздимарзӣ шурӯъ карданд.”

Бар асоси созиш, неруҳо ва техникаҳои иловагӣ аз маҳалли даргир дар марз ба ҷои доимияшон берун бурда мешаванд.

Ба гуфтаи манбаъ, вазъ дар марз нисбатан мӯътадил аст, вале бо унсурҳои ташаннуҷ тавсиф мешавад.

КДАМ Қирғизистон илова кардааст, ки ҳайатҳои ду кишвар музокиротро дар гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача идома медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар пайи як даргирии кӯтоҳмуддат дар марз бо Қирғизистон ду сарбози тоҷик шадидан ва якеи дигар ҳам сабук ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ,“Ин иттифоқ дар қисмати марзии миёни рустои Жани Жери ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва хоҷагии деҳқонии “Зафар” – и ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон иттифоқ афтодааст. Тирандозӣ дар пайи як ихтилофи лафзӣ миёни сарбозон ба вуқӯъ пайвастааст”.

Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи Сомониёни ҷониби Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон таҷаммуъи нерӯҳои низомӣ дида мешавад. Сокинони ин маҳаллаҳо аз сӯи низомиёни кӯч дода шудаанд.

Ҳамчунин тадорукот дар қисмати марзи Овчиқалъачаи Тоҷикистон ва Мақсади Қирғизистон низ мушоҳида шудааст.