Апрел 13, 2022 14:59 Asia/Dushanbe
  • Баррасии роҳҳои ҳамкории рейлии Узбакистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Раисони ширкати Роҳи оҳани Узбакистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Тошканд дидор карданд.

Ба гузориши “Форс”, Ҳусниддин Ҳосилов, раиси ширкати саҳҳомии Роҳи оҳани Узбакистон ва Ҷовид Қурбонов, раиси ширкати Роҳи оҳани ҷумҳурии Озарбойҷон дар шаҳри Тошканд дидор ва густариши ҳамкориҳои рейлӣ байни ду кишварро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин дидор бар корҳои пурсамар ва мутақобилан судманд барои тавсеаи масири байналмилалии чандваҷҳии кишварҳои минтақаи “Осиё - Уқёнусия - Чин - Қирғизистон - Узбакистон - Туркманистон - Озарбойҷон - Гурҷистон - Туркия – Аврупо” таъкид карданд.

Дар Узбакистон 195 ширкати озарбойҷонӣ, аз ҷумла 69 ширкати муштарак дар заминаҳои бозаргонӣ, мошинсозӣ, дороӣ ва бима, энержӣ, хадамот, тавлид ва таъмири ҷавоҳирот, бахши ғизоӣ ва саноеи сабук фаъолият мекунанд.

Ҷумҳурии Озарбойҷон истиқлоли Узбакистонро дар 19 октябри соли 1991 мелодӣ ба расмият шинохт.

 

Барчасп