Апрел 20, 2022 09:43 Asia/Dushanbe
  • Рушди 45 дарсадии содироти мошинҳои тавлиди Қазоқистон дар се моҳи 2022

Тайи се моҳаи аввали соли ҷории мелодиӣсодироти мошинҳои тавлиди Қазоқистон 45 дарсад афзоиш ёфт.

Ба гузориши «Форс», Анҷумани тиҷорати мошини Қазоқистон эълом кард, тайи се моҳаи аввали соли ҷории мелодӣ дар кишвар 22 ҳазор мошин тавлид шудааст.

Содироти мошин ба кишварҳои мухталифи ҳам дар қиёс бо замони мушобеҳи соли гузашта баёнгари рушди 45 дарсадӣ аст.

Аз ин миқдор, 19. 5 ҳазор мошин, 2. 2 ҳазор комюни борбарӣ, 225 автобус, 151 трейлер (притсеп) ва 65 дастгоҳ низ дигар таҷҳизоти вижа аст.

Дар ҳоли ҳозир аз ҳар 5 мошин, ки дар Қазоқистон фурӯхта мешавад, 3 мошин сохти ин кишвар аст.