Апрел 26, 2022 13:13 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти дубораи тими миллии занони Афғонистон ба дунёи футбол

Тими миллии футболи занони Афғонистон, дар мусобиқаи Лигаи маҳаллӣ дар Австралия ширкат кард.

Барои нахустинбор пас аз тарки Афғонистон тими миллии футболи занон, дар як мусобиқаи Лигаи маҳаллӣ дар Австралия ширкат кард бо вуҷӯди натиҷаи мусовии бозӣ, ин як пирӯзии бузург барои онон буд.

Ин бозӣ дар Лигаи ҳаводорони иёлати Виктория дар шарқи Австралия баргузор шуд.

Биохира ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ба поён расид, аммо барои занони афғон, ин як пирӯзии намодин буд, зеро онҳо моҳҳо пас аз тарки ватанашон тавонистаанд зиндагии одиро аз сар гирифта, ду бора ба мустатили сабз баргарданд ва по ба туп шаванд.

Нилоб, капитани тими миллии занони Афғонистон гуфт: «мо ҳануз ҳам ба талошу муборизаи худ ба манзури бозӣ барои мардуми Афғонистон идома медиҳем мо аз кишвар фирор кардем, аммо ҳамчунон ба фикраш ҳастем ва ҳамчунон барои пирӯзии тими худ ба номи кишварамон талош мекунем.»