Ифтитоҳи 4 гузаргоҳи нав дар марзи Узбакистон ва Қирғизистон
(last modified Fri, 29 Apr 2022 10:50:14 GMT )
Апрел 29, 2022 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 4 гузаргоҳи нав дар марзи Узбакистон ва Қирғизистон

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, барномарезӣ шудааст, дар соли 2022 мелодӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон то 4 гузаргоҳи нав ифтитоҳ шавад.

Ба гузориши «Форс», Жээнбек Кулубое, вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, барномарезӣ шудааст, ки дар соли 2022 мелодӣ дар марзи Узбакистону Қирғизистон 4 гузаргоҳи нав ифтитоҳ шавад.

Элдар Сулаймонов дар нишасти парлумони Қирғизистон хитоб ба Кулубоев гуфт, дар рустои Чикобод як гузаргоҳ буд, ки дар гузашта баста шудааст.

Вай идома дод: Бино ба иттилооте, ки дар ихтиёр дорам, барои ифтитоҳи ин гузаргоҳ як ҳайати 40 нафара аз Узбакистон ба Қирғизистон сафар мекунанд. Аз шумо дархост мекунам дар ин замина кумак кунед.

Дар посух ба ин дархост Кулубоев изҳор дошт, ин мавзуъ дар дидори нахуствазирони Узбакистону Қирғизистон баррасӣ шуд.

Вай афзуд: Мо бояд шароитро дар назари бигирем, ки тарафи онҳо чӣ коре анҷом диҳад ва тарафи мо чӣ коре анҷом диҳад. Муддати зиёде аст, ки ин мавзуъро баррасӣ мекунем. Имсол шароитро барои ифтитоҳи 4 гузаргоҳ фароҳам мекунем.