Ташкили комиссияи тозасозии суфуфи артиши Афғонистон
Комиссияи тасфияи артиши Афғонистон оғоз ба кор кард.
Пас аз поёни кори комиссияи тасфия (тозасозии суфуф) -и неруҳои амниятии Толибон, комиссия ин бор барои тасфияи суфуфи неруҳои артиш оғоз ба кор кард.
Бар асоси фармони Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, вазири дифои Толибон, комиссияи тасфияи суфуфи артиш ба раёсати Латифуллоҳ Ҳакимӣ ташкил шуд.
Латифуллоҳ Ҳакимӣ, раиси Комиссияи тасфияи суфуфи Толибон авохири обони соли гузашта дар нишасте бо масъулони амниятиву дифоии вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Зобул ва Урузгон гуфта буд, тасфияи суфуф нахустин шарти асосӣ барои бақои низоми Толибон аст.
Ҳакимӣ пеш аз ин низ изҳор дошта буд, афроде ки аз номи Толибон сӯиистифода мекарданд, дар 22 вилоят шиносоӣ, боздошт ва ё барканор шудаанд.