Таъкиди Қирғизистон бар ҳамкории аъзои ИДМ барои муқобила бо таҳрими Русия
(last modified Sun, 15 May 2022 05:12:18 GMT )
Май 15, 2022 10:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қирғизистон бар ҳамкории аъзои ИДМ барои муқобила бо таҳрими Русия

Вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ бар ҳамкории ҳамаҷониба барои муқобила бо таҳрими Русия таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷеенбек Қулубоев-вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон дар нишасти Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи узви кишварҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе бар ҳамкории ҳамаҷониба дар муқобила бо таҳримҳо таъкид кард.
Дар ин нишаст сарони вазоратхонаҳои хориҷаи узви кишварҳои ИДМ дар мавриди мушкилоти байналмилалӣ ва минтақаӣ тавсеъаи бештари ҳамкориҳо дар дохили кишварҳои ИДМ табодули назар карданд .

Қулубоев дар суханронии худ таъкид кард: Асли тазалзулнопазири эҷоди кишварҳои муштаракул-манофеъ дар ин формул танзим шуда, ки тавсеъаву тақвияти бештари равобити дустӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобили судманд байни давлатҳо манофеи асосии миллии мардум ва хизмат ба ормони сулҳу амнияти онҳоро таъмин мекунад .
Вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин бар лузӯми ҳамоҳангии талошҳо барои ҷилавгирӣ аз вахомати авзоъи умумии иқтисодӣ ва иттихози тадобири фаврӣ дар дараҷаи аввал барои таъмини амнияти ғизоӣ дар мувоҷиҳа бо маҳдудиятҳову таҳримҳои эҷодшудаи алайҳи Русия ишора кард.

Вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон хотирнишон кард : Дар шароити навзуҳӯри геополитикӣ, тақвияти муаллифаи сиёсии кишварҳои ИДМ, иттиҳоду таъкид бар дидгоҳҳои сиёсии онҳо устувор бар таъомули мусолиматомезу дӯстона дар ин созмон барои муқобилаи муштарак бо чолишҳо ва таҳдидҳои ҷадиди зарурӣ ба назар мерасад .
Вай гуфт : Кишварҳои ИДМ имрӯз як платформи муҳими музокира аст . Бояд эътироф кард, ки иқтидору муртабит будани ин сохтор замоне хоҳад буд, ки мо аз тариқи мусолиматомез масоили аслӣ ва дохилиро, ки байни давлатҳоямон вуҷуд дорад, ҳал кунем.