Май 16, 2022 10:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарконсули Эрон бо волии Ҳироти Афғонистон

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳироти Афғонистон бо волии ин вилоят дидор ва дар бораи масоили дуҷониба гуфтугӯ кард.

Муҳаммади Сиддиқифар, сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳирот дар дидор бо мавлавӣ Нураҳмади Исломиҷор, волии Ҳирот, бо ёдоварии мушкилоти ахир дар марзи муштараки Эрону Афғонистон, бар ҳалли ҳарчӣ зудтари мавонеи мавҷуд таъкид кард.

Сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин гуфт, дар рӯзҳои оянда намоишгоҳҳоеро бо ҳамоҳангии идораи маҳаллии Ҳирот дар консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор хоҳад кард.

Мавлавӣ Исломиҷор низ бо истиқбол аз барномаи сарконсули Эрон дар Ҳирот гуфт, Толибон иродаи ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои ҳамсояро дорад ва аз баргузории намоишгоҳҳои тавлидоти дохилӣ ва хориҷӣ истиқбол мекунад. Волии Ҳирот ҳамчунин бо таъкид бар иттиҳоду ваҳдат миёни Эрону Афғонистон итминон дод, ки Афғонистон хатаре барои кишварҳои ҳамсоя нест.