Май 16, 2022 17:11 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё 2023
    Эъломи замони мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё 2023

Замони баргузории мусобиқоти ҷоми миллатҳои Осиё 2023 эълом шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон мусобиқоти муқаддимотии ҷоми миллатҳои Осиё 2023 аз 1 то 9 октиябр дар байни тимҳои навҷавонони зери 17 сол баргузор мешавад.

Дар ин рақобатҳо 10 кишвар ҳузур доранд: Австралия, Инданезия, Урдун, Қирғизистон, Уммон, Арабистони Саъудӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Ветнам ба рақобат мепардозанд.

Ин мусобиқот шомили 10 гурӯҳ, 6 гурӯҳи чор тимӣ ва чор гурӯҳи 5 тиммӣ хоҳад буд.

Барандагони 10 гурӯҳи муқадимотӣ ва 5 тиме, ки мақоми дуввумро касб карданд ба финали ҷоми миллатҳои Осиё дар радаи синии навҷавонон, ки аз 3 то 20 май соли 2023 дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳ хоҳанд ёфт.

Ҳамчунин Баҳрайн, Инданезия, Ироқ, Урдун, Қирғизистон, Лаос, Муғулистон, Уммон, Арабистони Саъудӣ ва Тоҷикистон мизбони мусобиқоти муқадимотии ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар байни тимҳои ҷавонони зери 20 сол хоҳад буд.

Мусобиқоти муқадимотӣ аз 10 то 18 сентябр баргузор мешавад, бар асоси қуръакашӣ 44 тим дар 10 гурӯҳ 6 гурӯҳи чор даста ва чор гурӯҳи 5 даста қарор хоҳад гирифт.

Барандагони 10 гурӯҳи муқадимотӣ ва 5 тими бартар, ки мақоми дуввумро касб карданд ба финали ҷоми миллатҳои Осиё 2023 ҷавонон, ки аз 1 то 18 март соли оянда дар Узбакистон баргузор мешавад роҳ хоҳанд ёфт.

 

Барчасп