Таҳлил: Инҳилоли панҷ наҳоди давлати тавассути Толибон
Гурӯҳи Толибон панҷ наҳоди давлатии собиқи Афғонистон аз ҷумла камисиюни ҳуқуқи башари ин кишварро мунҳал кард.
Мақомоти Толибон эълом карданд: Бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳрони иқтисодие, ки Афғонистон бо он мувоҷеҳ аст, бархе наҳодҳои ғайри зарӯри дар ин давлат ҳамчун камисиюни ҳуқуқи башарро мунҳал карданд.
Мақомҳои Толибон бештар ҳангоми ироаи аввалин лоиҳаи будҷаи солонаи худ аз замони ба қудрат расидан дар моҳи августи соли гузашта эълом карданд Афғонистон дар соли молии ҷорӣ бо касрии будҷа муодили 44 миллиард афғонӣ ( 501 миллион доллар ) мувоҷеҳ аст.
- Анъомуллоҳ Самангонӣ муовини сухангӯи давлати муваққати Толибон гуфт: Ин идороти зарӯри ташхис дода нашуда ва дар будҷа гунҷонда нашудаанд ва ба ҳамин далел мунҳал шуданд. Аз ҷумлаи идороти мунҳал шудаи дигар Шӯрои олии оштии миллӣ ва камисиюни назорат бар иҷрои қонуни асосии Афғонистон аст.
Тасмими Толибон барои инҳилоли панҷ наҳод дар Афғонистон, ки меъроси давлатҳои қаблии Афғонистон маҳсуб мешаванд, нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ наҳодҳое, ки иртиботи мустақим ё ғайри мустақим бо демократия дар ин кишварро бар наметобад.
Камисиюни ҳуқуқи башар, камисиюни назорат бар иҷрои қонуни асосии Афғонистон ва Шӯрои олии оштии миллии ин кишвар наҳодҳое буданд, ки дар коркарди онон дар ҷиҳати сиёнат аз асли ҷумҳурият ва ҳуқуқи асосии мардуми Афғонистон будааст.
Ҳазфи будҷаи панҷ ниҳоди муртабит бо масъалаи демакратия тавассути давлати Толибон дар Афғонистон ва инҳилоли онҳо ин гумонро тақвият кардааст, ки ин гурӯҳ ҳамчунон дар саддаи барпоии Иморати Исломӣ дар ин кишвар аст, ки ниҳодҳои сиёнат кунанда аз ҳуқуқи мардум ва мабни бар чорчӯбҳои демократи бо чунин руйкард созгори надорад ва ба ҳамин далел ниёзе ба вуҷӯди ингуна ниҳодҳо нест.
Дар шароите давлати Толибон, ниҳодҳои маданӣ ва муртабит бо дифоъ аз ҳуқуқи асосии мардумро аз сохтори Афғонистон ҳазф кардааст, ки дар вазъияти кунӯнии ин кишвар, вуҷӯди ниҳодҳое ҳамчун камисиюни ҳуқуқи башар ва ё камисиюни назорат бар қонуни асосӣ ба шиддат мавриди ниёзи мардуми Афғонистон аст.
Чунон чӣ наҳодҳои маданӣ дар афғонистон барои ҳамеша аз сохтори сиёсӣ ва иҷтимоъии ин кишвар ҳазф шаванд, навъи иқтидоргароӣ ҳамроҳ бо нақзи ҳуқуқи башар аз сӯйи нерӯҳои худсари давлати Толибон ё гурӯҳои ифротӣ алайҳи мардум эъмол хоҳад шуд, ки наҳоде барои дидбонӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи поймол шудаи марндум вуҷӯд нахоҳад дошт.
Илова барин барномаи Толибон барои инҳилоли камисиюни назорат бар қонуни асосӣ ин зангӣ ҳушдорро ба садо даровардааст, ки ин гурӯҳ эътиқоде ба қонуни асосии Афғонистон надорад ва амалан бо иқдом ба инҳилоли ин кимисиюн, масири эҳтимоли ва бебозгашт ба ҳазфи қонуни асосиро дар пеш гирифтааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба он,кӣ яке аз умдатарин мавориди эроди ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба давлати Толибон ва адами тамойил ба шиносоии расмии ҳокимияти Толибон дар Афғонистон масъалаи адами пойбанди ин гурӯҳ ба демакратия ва нодида гирифтани ҳуқуқи фардӣ ва иҷтимоъии мардум аст, инҳилоли ин ниҳодҳои маданӣ метавонад кишварҳо ва ниҳодҳои мухталифи минтақаӣ ва байналмиллалиро дар мавзӯъи адами ба расмият шинохтани Толибон беш аз пеш тарғиб кунад.
Ба назар мерасад, иқдоми давлати Толибон дар инҳилоли панҷ ниҳоди давлатӣ дар Афғонистон, метавонад беэътимоди ба ин гурӯҳ дар қиболи ташкили давлати фарогир ва ҳамчунин барпойи демократии воқеъӣ дар ин кишварро ташдид кунад.
Бештар бихонед: