Май 18, 2022 12:53 Asia/Dushanbe
  • Талоши Кобул барои оғози амалиёти иҷроии масири рейлии «Транс афғон»

Раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон гуфт, барномарезӣ шудааст, тайи як моҳи оянда иқдомоти майдонӣ ва иҷроӣ барои сохти хати оҳани муштарак бо Узбакистон оғоз шавад.

Ба гузориши “Форс”, Бахтурраҳмон Шарофат, раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон гуфт, гуруҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин моҳ оғоз хоҳанд кард ва акнун ҳамаи идорот дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд.

Бар асоси барномаи тадвиншудаи роҳи оҳани Афғонистон, хати роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шари, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод мегузарад ва дар ниҳоят ба Покистон мерасад.

26 ва 27 март дар шаҳри Тирмиз нишасти гуруҳҳои Узбакистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлунақлу лаҷистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хати рейлии «Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар» метавонад нуқтаи атфе барои ояндаи минтақа бошад. Раиси комиссияи сармоягузории Покистон гуфт, аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунанда байни бахшҳои мухталифи қорра «Қалби Осиё» номгузорӣ кардаанд.