Май 28, 2022 12:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои минтақаӣ, меҳвари дидори мақомоти Узбекистон ва Иттиҳоди Аврупо

Сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон бо раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дидор кард.

Ба гузориши Форс, Владимир Норов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Узбекистон бо Шарлотта Адриан, раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тошканд дидор ва чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба байни Узбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин маросимҳои қарибулвуқуъ дар қолабҳои дуҷониба ва минтақаиро баррасӣ карданд.

Тарафи аврупоӣ ташдиди равобит бо Узбекистонро, ки дар солҳои ахир дар абъоди густардае дар заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба мушоҳида мешавад, бисёр арзишманд хонд.

Тарафайн дар идома бар аҳамияти иҷрои тарҳҳои муштарак бо роҳбурди Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар заминаҳое монанди диҷиталисозӣ, «иқтисоди сабз», энержӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, муҳит зист ва тағийроти иқлимӣ таъкид карданд.

Ду тараф омодагии худро барои созмондиҳии нишасти вазирони «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Самарқанд  иброз доштанд.

16 ноябри 1994 байни Иттиҳоди Аврупо ва Узбекистон равобити сиёсӣ барқарор шуд.