Алоқамандии Қазоқистону Италия ба густариши равобит
Май 29, 2022 09:04 Asia/Dushanbe
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Окон Раҳмтулин-муовини аввали вазорати хориҷаи Қазоқистон ва Марко Алберти-раиси намояндагии диплумотики Италия дар ин кишвар дидор карданд .
Ду тараф бар алоқаи мутақобил барои густариши мушорикати дуҷониба таъкид ва дар ин замина ба тавофуқ расиданд, то якдигарро дар тақвияти равобити байнидавлатӣ ва байнипорлумонӣ ёрӣ кунанд .
Муовини вазорати хориҷаи Қазоқистону сафири Италия дар ин кишвар бо ризоят бар пӯёии тавсеаи тиҷорати дуҷониба ва вуруди сармоягузории мустақими Италия таъкид ва ба аҳамияти тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар ин замина ишора карданд.
Соли гузашта Италия 122.8 миллион доллар дар Қазоқистон сармоягузорӣ кард .
Барчасп