Баргузории ҳамоиши байналмилалии нақши мушорикати роҳбурдии Тоҷикистону Узбакистон дар Осиёи Марказӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i86630-Баргузории_ҳамоиши_байналмилалии_нақши_мушорикати_роҳбурдии_Тоҷикистону_Узбакистон_дар_Осиёи_Марказӣ
Ҳамоиши байналмилалии “Нақши мушорикати роҳбурдии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар таъмини рушди пойдори Осиёи Марказӣ” дар Тошканд баргузор мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 01, 2022 09:45 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии нақши мушорикати роҳбурдии Тоҷикистону Узбакистон дар Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши байналмилалии “Нақши мушорикати роҳбурдии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар таъмини рушди пойдори Осиёи Марказӣ” дар Тошканд баргузор мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ин ҳамоиш дар остонаи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Узбакистон бо ҳадафи тақвияти равобити илмӣ, тавсеаи чашмандози муштараки ду кишвар дар рушди пойдори минтақа ва эҷоди фазои гуфтугӯи созанда барои ҳалли ихтилофот дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Андешамандон, пажӯҳишгарон, коршиносони масоили илмӣ ва таҳлилӣ аз конунҳои фикрии аҳзоб дар ҳамоиш ҳузур хоҳанд дошт.