Июн 03, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Бунёди минтақаи тиҷории марзии Тоҷикистону Узбакистон

Тоҷикистону Узбакистон қасд доранд дар ояндаи наздик як минтақаи тиҷорӣ ва санъатии марзӣ эҷод кунанд.

Қарор аст ин минтақаи тиҷорӣ дар наздикии маҳалли исту бозрасии Ойбек ва гузаргоҳи марзии Фотеҳобод эҷод шавад.

Ин матлаб пас аз дидори Давлаталӣ Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон бо Сардор Умурзоқов, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон эълом шуд.

Минтақаи тиҷорӣ ва санъатӣ шомили зерсохтҳои тавлидӣ, таробарӣ ва умдафурӯшӣ аст. Тарафайн дар ин нишаст хотирнишон карданд, ки мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон тайи панҷ соли гузашта се баробар шудааст.

64 ширкат бо сармояи Узбакистон дар Тоҷикистон ва 252 ширкати тоҷикӣ дар Узбакистон фаъолият мекунанд.

 

Барчасп