Июн 12, 2022 08:17 Asia/Dushanbe
  • Алоқаи Қазоқистону Туркманистон ба тақвияти бештари равобит

Дар дидори вазирони умӯри хориҷаи Қазоқистону Туркманистон бар алоқаи мутақобили ду кишвар барои тақвияти бештари равобити дуҷониба таъкид шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонухтор Талибердӣ-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Рашид Муродов- вазири умӯри хориҷаи Туркманистони масоили мухталифи ҳамкории байни ду кишварро баррасӣ карданд .
Дар ин дидор, ки дар ҳошияи сеюмин даври нишасти вузарои хориҷаи Чину Осиёи Марказӣ барпо шуд, мавзӯъоти марбут ба амнияти минтақаӣ баррасӣ ва дар хусӯси масоили муҳими байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт .
Зарурати истифодаи ҳаддиаксарӣ аз зерсохтҳои ҳамлу нақли заминӣ ва дарёии модерни мавҷуд дар Қазоқистону Туркманистон аз ҷумлаи дигар мавзӯъоте буд, ки мавриди тавваҷуҳи вижаи ду тараф қарор гирифт .
Ду тараф алоқаи мутақобили худро барои тақвияту густариши бештари равобити сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар рӯҳи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ  ва мушорикати стротежикӣ таъйид ва мавзӯъоти марбӯт ба таъомул дар сохторҳои чандҷониба, аз ҷумла мушорикат дар сутӯҳи боло ва олӣ дар рӯйдодҳои ояндаи байналмиллалӣ ва минтақаро баррасӣ карданд .
Вазири умӯри хориҷаи Туркманистон рӯзи гузашта ба манзури ширкат дар сеюмин нишасти вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои « Осиёи марказӣ - Чин » ва ҳамчунин анҷоми музокироти дуҷониба вориди Нурсултон- пойтахти Қазоқистон шудааст.

 

Барчасп