Июн 14, 2022 09:53 Asia/Dushanbe
  • Мутааҳҳид ба тақвияти Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастем

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон гуфт, ҳамчунон мутааҳҳид ба тавсеа ва тақвияти Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бар асоси манофеи ҳамаи кишварҳои узв ҳастем.

Мухтор Тлеуберди, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷаи узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт: Қазоқистон ҳамчунон мутааҳҳид ба тавсеа ва тақвияти мутараққии ин созмон бар асоси манофеи ҳамаи кишварҳои узв ва мутамарказ ба беҳбуди бештари фаъолияту тақвияти обурӯи байналмилалии он аст.

Дар ин нишаст, вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узв дар бораи мавзуоти муҳим дар дастури кори байналмилалӣ табодули назар ва мавзуҳои бисёр аз мавзуоти марбут ба фаъолиятҳои ҷорӣ ва тавсеаи бештари ин созмонро баррасӣ карданд.

Дар натиҷаи нишасти мазкӯр барномаи сесолаи ройзаниҳои коршиносӣ дар чорчӯби СПАД тасвиб ва баёнияи муштараки Шӯрои вазирони умӯри хориҷаи кишварҳои узви СПАД дар мавриди масоили амниятии байналмилалӣ тасвиб шуд.

 

Барчасп