Мақомоти Узбакистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санади ҳамкори имзо карданд
Вазири сармоягузори ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва вазири иқтисоди Озарбойҷон қарордодҳои дуҷониба ба арзиши 500 миллион доллар имзо карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар остонаи сафари Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Тошканд Сардор Умаразоқов, муъовини нахуствазир, вазири сармоягузори ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва Микоил Ҷаборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон қарордодҳои дуҷониба ва арзиши 500 миллион доллар имзо карданд.
Дар ин нишасти тиҷори, раисони вазоратхонаҳои ва идораҳо ва намояндагони беш аз 100 ширкати бузурги Узбакистон ва Озарбойҷон ширкат карданд.
Ҳарду тараф дар ин нишаст бар пойбандии мақомоти ду кишвар барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва барқарории равобити мустақим байни майфилҳои бозаргонии Узбакистон ва Озарбойҷон таъкид карданд.
Ду тараф бо ишора ба мавқеъиятҳои ба даст омада дар заминаи сармоягузори, ҳамкориҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ бар зарфиятҳои истифода нашудаи иқтисоди ду кишвар ва зарфитҳои мавҷуд барои эҷоди широкати мутақобилан судманд дар заминаҳои нефт, кимё, барқ, бофандагӣ, маводи ғизоӣ, дорусозӣ, ҷавоҳирсозӣ, мошинсозӣ ва дигар ҳавзаҳо таъкид карданд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки афзоиши ҳамлу нақли транзити аз тариқи хоки ду кишвар барои таъмиқи ҳамкори Узбакистон ва Озарбойҷон дар заминаи ҳамлу нақл ва таъминоти кумак хоҳанд кард.
Арзиши мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Озарбойҷон соли 2021, 61 миллиону 100 ҳазор доллар буд.