Тавсиаи равобит дар дастури кори мақомоти Қирғизистон ва Баҳрайн
(last modified Thu, 23 Jun 2022 06:01:27 GMT )
Июн 23, 2022 11:01 Asia/Dushanbe
  • Дар айни ҳол, хотирнишон шуд, ки режими бидуни раводид то 60 рӯз барои шаҳрвандони Баҳрайн дар Қирғизистон эъмол мешавад
    Дар айни ҳол, хотирнишон шуд, ки режими бидуни раводид то 60 рӯз барои шаҳрвандони Баҳрайн дар Қирғизистон эъмол мешавад

Вазири умиури хориҷаи Қирғизистон бо валиаҳд ва нахусвазири Баҳрайн дидор кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар чорчӯби сафари расмии Ҷенбек Кулубоев вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба Баҳрайн ва бо Салмон бин Муҳаммад оли Халифа нахуствазир ва муовини фармондеҳи кулли нерӯҳҳои мусалаҳ дидор кард.

Дар ин дидор нахуствазири Баҳрайн ба аҳамияти аввалин сафари расмии вазири хориҷаи Қирғизистон дар тарихи равобит дуҷониба ишора кард, ки пешниҳодҳои мусоидатиро барои тавсиаи бештари равобити дуҷониба эҷод мекунад.

Кулубоев дар паёме ба вижа хитоб ба подшоҳи Баҳрайн хотирнишон кард Қирғизистон алоқаманд ба ҳамкории наздик бо ин кишвар аст ва омодагии худро барои гуфтугӯи сиёсии фаъол бо ин кишвар дар ҳамаи заминаҳои ҳамкории мутақобил эълом кард.

Ҳамчунин вазири хориҷаи Қирғизистон аз сиёсатҳои Содир Ҷаборов раиси ҷумҳӯри Қирғизистон ва иқдомоти анҷом шуда барои тавсиаи иқтисоди миллӣ ва беҳбӯди фазои сармоягузорӣ ва тавсиаи бахши гардишгарӣ дар кишвараш хабар дод.

Дар айни ҳол, хотирнишон шуд, ки режими бидуни раводид то 60 рӯз барои шаҳрвандони Баҳрайн дар Қирғизистон эъмол мешавад.