Июн 23, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи ин марказ, ин зилзила дарт 44 килламетрии шаҳри Хост ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх додааст
    Ба гуфтаи ин марказ, ин зилзила дарт 44 килламетрии шаҳри Хост ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх додааст

Дабири кулли Созмони Миллал бо ибрози ҳамдарди бо мардуми Афғонистон ба далели зилзилаи имрӯз хостори ҳимояти ҷомеъаи байналмиллалӣ ба манзури кумак ба хонаводаҳои осебдида дар ин фоҷеъа шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Анетониу Гутерриш бо мардуми Афғонистон ибрози ҳамдарди кард ва ба хонаводаҳи қурбониёни ин ҳодиса таслият гуфт.

Вай тасреҳ кард: Мимҳои имдодии Созмони Миллали Муттаҳид дар ҳоли ҳозир дар маҳали ҳодиса ҳузӯр доранд ва ниёзҳоро арзёбӣ карда ва пуштибонии аввалияро ироа диҳанд.

Макази зилзиланигори Амрикоӣ эълом кард, зилзила бо қудрати 601 дараҷа дар миқёси анвоҷи дарӯнии замин (риштар) бомдоди чаҳоршанбе  ҷануб ва шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.

Ба гуфтаи ин марказ, ин зилзила дарт 44 килламетрии шаҳри Хост ва дар умқи 51 килламетрии замин рӯх додааст.

Шабакаи хабарии Тулӯъ -Ниюзи Афғонистон ба нақл аз Мавлавӣ Шарафиддини Мусалам як мақоми масъул дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ навишт, ки теъдоди ҷонбохтагони зилзилаи бомдоди имрӯз токунӯн дасти кам ба 920 нафар расидааст.

Ин мақоми Толибон ҳамчунин гуфт: 620 тани дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.

 

 

Барчасп