Имзои 18 санди ҳамкории раисони ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Sat, 25 Jun 2022 07:19:19 GMT )
Июн 25, 2022 12:19 Asia/Dushanbe
  • Имзои 18 санди ҳамкории раисони ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Озарбойҷон

Дар поёни гуфтугуи раисони ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Озарбойҷон, 18 санади ҳамкорӣ имзо шуд.

Ба гузориши Форс, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон ва Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон баёнияи таъмиқи широкати роҳбурдӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Узбекистону Озарбойҷонро имзо карданд.

Аснод барои таъмиқи ҳамкориҳои амалӣ дар абъоди авлавиятдор байни Узбекистону Озарбойҷон кумак мекунад.

Ҳамакнӯн Озарбойҷон яке аз шарикони иқтисодии аслии Узбекистон аст.

Мубодилоти бозаргонии Узбекистону Озарбойҷон дар соли 2021 ҳудуди 61 миллиону 100 ҳазор доллар буд.

Дар Узбекистон 195 ширкати озарбойҷонӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, мошинсозӣ, фулузсозӣ, дороӣ ва бима, энержӣ, хадамот, тавлиду таъмири ҷавоҳирот, бахши ғизоӣ ва саноати сабук фаъолият мекунанд.