Қазоқистон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон санади ҳамкорӣ имзо карданд
(last modified Wed, 29 Jun 2022 07:16:34 GMT )
Июн 29, 2022 12:16 Asia/Dushanbe
  • Қазоқистон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон санади ҳамкорӣ имзо карданд

Вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон санади ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлунақлу иртиботот имзо карданд.

Мухтор Тилавбердӣ, Мавлуд Човушуғлу ва Ҷайҳун Байрам, вазирони умури хориҷаи кишварҳои Қазоқистон, Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷон эъломияи ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлунақлу иртиботот имзо карданд.

Дар маросими имзои санад ҳамчунин Қоҳирбек Усанбеков, вазири санъат ва тавсеаи зерсохти Қазоқистон, Одилқаро Исмоилуғлу, вазири ҳамлунақлу зерсохтҳо ва Рашод Набиев, вазири тавсеаи диҷитал ва ҳамлунақли Озарбойҷон ширкат карданд.

Дар ин музокирот роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлунақл, барномаҳои минтақаиву байналмилалӣ, рӯйкардҳои муштарак барои густариши ҳамкории тиҷорӣ, иқтисодӣ ва транзит баррасӣ шуданд.