Оғози эътирозот дар минтақаи худмухтори Қарақалпоқистони Узбекистон
Эътирозот дар минтақаи худмухтори Қарақалпоқистони Узбекистон оғоз шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пас аз оғози эътирозот дар минтақаи худмухтори Қарақалпоқистони Узбекистон порлумон, шӯрои вазирон ва вазорати дохилаи ин минтақа зимни судӯри баёнияе эълом карданд, ки як гуруҳи ҷинояткор дар талош барои ба даст гирифтани қудрат дар ин минтақа ҳастанд .
Дар ин баёния омадааст : Бо вуҷуди сиёсати шаффофи дар дасти анҷом дар Узбекистон ва баёни озодонаи рӯзи аввали июли соли 2022 дар шаҳри Нуқус-пойтахти Қарақалпоқистон як гуруҳи ҷинояткор аз афрод иқдомоти ғайриқонӯниро созмондиҳӣ ва даст ба тасарруфи идороти давлатии ин кишвар заданд.
Созмондиҳандагони нооромиҳо зимни пӯшиш бо шиорҳои популистӣ ва эътимоди шаҳрвандон бидӯни тобеъият аз дархостҳои қонунии мақомот шаҳрвандони ҷумҳуриро дар майдони аслии шаҳр ҷамъ карданд .
Таҳрикгарон бо иттико ба таҷаммуъи шаҳрвандон талош карданд то бархе аз ниҳодҳои давлатиро ба тасарруфи худ дароваранд ва бад-ин тартиб дар ҷомеъа тафриқа баёндозанду вазъияти сиёсӣ - иҷтимоии Узбекистонро бесабот кунанд .
Бо иқдомоти қотеъона, ки тавассути созмонҳои неруи интизомӣ анҷом гирифт аз иқдомоти ғайриқонӯнии таҳрикгарон ҷилавгирӣ ва талошҳо барои шӯришҳои дастаҷамъӣ саркуб шуд .
Мо масъӯлона эълом мекунем ки кишвари мо аз зарфиятҳои лозим барои ҷилавгирӣ аз вахомати бештари вазъият бархурдор аст . Гуруҳе аз созмондиҳандагони шӯришҳои дастаҷамъӣ ва афроде, ки дар баробари неруи интизомӣ ба таври фаъол муқовимат карданд, боздошт шуданд . Дар ҳоли ҳозир онҳо таҳти пайгарди қонӯнӣ ҳастанд . Ҳамаи таҳрикгарон шиносоӣ ва тибқи қонун посух медиҳанд .
Дар ин шароит талошҳои бархе аз неруҳои носолими хориҷӣ мабнӣ бар таъсиргузорӣ бар тавсеаи авзоъи Қарақалпоқистон аз тариқи интишори иттилооти ҳадафманд ва таҳрифи рӯйдодҳои ҷорӣ ҷойи нигаронӣ дорад .