Июл 08, 2022 21:06 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди ҳамкориҳо байни Узбакистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти Узбакистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссел қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Ин қарордод ҷойгузини қарордоди феълӣ дар мавриди шарокату ҳамкорӣ байни Узбакистон ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 1996 мелодӣ мешавад ва ҳамкориҳои дуҷонибаро ба як марҳалаи ҷадид ворид мекунад.

Қарордоди феълӣ усулан шомили мавзуъҳое перомуни диалоги сиёсӣ, ҳамкорӣ дар заминаи демократия ва ҳуқуқи башар, пешбурди равобити фарҳангӣ, шарокати моливу фаннӣ, ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои сармоягузорӣ, тиҷорати колоҳову хадамот ва ҳамчунин ҳимоят аз моликияти маънавӣ аст.

Қарордоди шарокату ҳамкории густарда шомили бахши васеътаре аз масоил аст. Муқаррароти марбут ба тиҷорат ва ҷанбаҳои муртабит, аз ҷумла мудирияти гумрук, муқаррароти фаннӣ, риояти иқдомоти беҳдоштӣ ва гиёҳӣ, рақобат, ҳаллу фасли ихтилофот ва дигар заминаҳо аст.