Тасвиби барномаи сиёсати хориҷии Туркманистон
Раиси Ҷумҳурии Туркманисон барномаи сиёсати хориҷии бетарафии ин кишварро барои соли 2022-2028 тасвиб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гуфтаи Рашид Муродов, муъовини аввали нахуствазир ва вазири умури хориҷа, ҷиҳатгириҳои ин сиёсат бар асоси мутолеъа ва таҳлили фарояндҳои сиёсӣ ва иқтисоди сиёсӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст.
Ин санади ҳамкории наздикро байни Туркманистон ва ниҳодҳои пешрави молӣ, иқтисодӣ, тиҷоратиро фароҳам мекунад ин таъомул бар асоси вазъияти феълии иқтисоди ҷаҳони хоҳад буд.
Дар ин санад таваҷуҳи вижа ба аҳамияти тарҳҳои бузурги Туркманистон дар заминаи энергетика, ҳамлу нақл ва иртиботот шуда аст ва ҳамчунин вазифаҳои ояндаи ин кишвар дар ин заминаҳоро мушахас мекунад.
Ин санад ҳамчунин бо ҳадафи тавсеаи дипломоси, эҷоди ҳамкори дар заминаи масоили зистмуҳити, ҳаллу фасли масоили дипломосии пизишкӣ ва гардишгарӣ ва густариши ҳамкори бо ЮНСКО дар ҳавзаи фарҳангӣ ва башардустона аст.