Таҳлил: Имзои барномаи ҳафт солаи Туркманистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ
(last modified Wed, 13 Jul 2022 07:08:10 GMT )
Июл 13, 2022 12:08 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳӯри Туркманистон, барномаи сиёсати хориҷии мубтани бар бетарафиро тасвиб кард
    Раиси Ҷумҳӯри Туркманистон, барномаи сиёсати хориҷии мубтани бар бетарафиро тасвиб кард

Давлати Туркманистон, ки тарҳҳои мутаъаддиде ба манзури густариши ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар дасртури кор қарор дода, бо изои барномаи сиёсати хориҷаи ин кишвар мубтани бар бетарафи, талош кардааст, нақши муассиртаре дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ифо кунад.

Раиси Ҷумҳӯри Туркманистон, барномаи сиёсати хориҷии мубтани бар бетарафиро тасвиб кард.

 Сардор Бердимуҳаммадов дар айни ҳол барномаи сиёсати хориҷаи  Туркманистонро байни солҳои 2022-2028 мелодӣ тасвиб ва ҷиҳати иҷрои он иблоғ кардааст. Тавсиаи дипломосии диҷитол, эҷоди ҳамкори дар заминаи пизишкӣ, зист муҳити ва густариши ҳамкори бо Юнеско дар ҳавзаи фарҳанг ва башардӯстона аз дигар аҳдофи ин барнома эълом шудааст.

Бо вуҷӯди талошҳои мақомҳои давлати Ишқобод ба манзури иртиқои иқтисодӣ ва сиёсии Туркманистон, ба назар мерасад муҳосира будан дар хушкӣ, ин кишвари Осиёи Марказиро дар шароити номатлубе қарор додааст. Дар ҳоле, ки бо ҳузӯри Эрон ба унвони кишваре, ки кишварҳои мусалмони ҳамсояи худро дар Осиёи марказӣ ба унвони бародар қалалмдод мекунад, бисёре аз мушкилоти ин кишвар муртафеъ шудааст ва заминаҳои таҳақуқи аҳдоф ва хостаҳои давлати Ишқобод беш ба пеш фароҳам мешавад.

Дар ҳамин иртибот Назар Диёб мутахасиси идғоми иқтисоди минтақаӣ дар камисиюни иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Миллал барои Осиё ва Уқёнусия ва коршиносони тавсиаи Имрони  минтақаӣ ахиран гуфтааст: Кишварҳое дар ҳоли тавсиа муҳосира дар хушкӣ назири ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ, дар мавқияти сахти қарор доранд. Алалхусӯс, ки содирот ва воридроти ин даста аз кишварҳо, бояд аз тариқи  кишварҳои ҳамсоя анҷом шавад то ба бандарҳои транзети бирасад. Аз ин рӯ долони ҳамлу нақли релӣ миёни Эрон Туркманистон ва Қазоқистон, ки чунин дастарсиро мумкин месозад, боиси гушоиши жеополетикии ин манотиқи муҳосира дар хушкӣ мешавад.

Мурӯре бар иқтисоди Туркманистон, ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки ҳамлу нақл ва транзет аз  муҳимтарин бахшҳои иқтисодӣ Туркманистон пас аз энегрия маҳсуб мешавад. Ба ҳамин  делил, тавофуқи релии Туркманистон ва Қазоқистон бо Эрон, ин дукишвари Осиёи Марказиро дар шароити шукӯфоии иқтисоди қарор додааст.

Дар ҳақиқат, давлатҳои Ишқобод ва Нурсултон дигар нигарони дастараси ба обҳои гарми байналмиллалӣ нестанд ва метавонанд дастарсии худро дар шароити амн, иқтисодӣ ва кутоҳ аз тариқи Эрон   ба бозорҳои ҷаҳонӣ тасҳил кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бо тавофуқномаи  SWAP гази Туркманмстон бо Ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо кумаки Эрон, Ишқобод бори дигар дар шароити созандае қарор гирифтааст, ки метавонад бо кумаки Теҳрон иқтисоди як кишвари хурдро аз манобеъи энергияро ба мизони зиёд қавӣ кунад.

 

Ногуфта намонад, ки Сардор Бердимуҳаммадов раиси Ҷумҳӯр ва фармондеҳи оли артиши Туркманистон, ки аз ибтидои даврони раёсат Ҷумҳӯрии худ дар моҳҳои гузашта, ислоҳоти иқтисодӣ ва фарҳангиро дар дастури кор қарор додааст, бо анҷоми ислоҳот дар бахшҳои мухталифи ҳокимиятӣ, талош мекунад Туркманистонро ба самти кишварҳо дар ҳоли тавсиа раҳнамун созад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгузинсозии мақомҳои нокоромад ва нотавон, тағири фармондеҳи артиш, таъвизи вазирони бекайфият ва тазмини иқтисоди шукуфо ба мардуми Туркманистон, чунин ба назар мерасад, Сардор БердиМмҳаммадов бо улгӯгири аз сиёсатҳои давлати Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳӯри Узбакистон, ҳамаи талоши худро ба кор гирифтааст то бо муаррифии нерӯҳҳои кордон, сиёсати хориҷа, иқтисодӣ пешҳрафта, тавсиаи фарҳанг ва рушд ва тавсиаи дигар бахшоҳои ҳокимиятии Туркманисторо аз вазъияти феълӣ хориҷ созад.

То пеш аз ин, наздик ба се чаҳорӯм аз мақомҳои давлати Ишқобод аз  сутуҳи олӣ то сутуҳи миёнӣ, аҳли или Охор дар ноҳияи  Баҳорден буданд. Аммо бо вуҷӯди қавмиятҳои мухталифе, ки низом ва қудрати сиёсии Туркманистонро ташкил додааст, тардиде нест, ки Сардор Бердимуҳаммадов бо бозсозиҳои созанда дар бахшҳои  сиёсӣ ва иқтисодӣ, талош мекунад давраи ҳафт солаи раёсат Ҷумҳӯрии худро бо муваффақият ба поён расонд то ақвоми мухталиф ба ҳамкори бо давлати таҳти амри вай тарғиб шаванд.

Бештар бихонед: