Июл 17, 2022 16:19 Asia/Dushanbe
  • Боздошти омилони ҳамалоти мушакӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон
    Боздошти омилони ҳамалоти мушакӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Сухангӯи Толибон аз боздошти омилони ҳамалоти мушакӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон хабар дод.

Панҷ мушак рӯзи сешанбе 5 июл аз минтақаҳои марзии шимоли Афғонистон ба тарафи шаҳри марзии Тирмизи Узбакистон шилик шуд.

Толибон ибтидо шилики ин мушакҳо аз дохили хоки Афғонистонро рад кард, аммо чанди баъд зимни таиди он эълом кард: Бо омилони ин ҳамла бархурд хоҳад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Забиҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт: дар амалиёти дастгирии омилони ҳамалоти мушаки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва Узбакистон се нафар аз омилони амалиёт кушта ва панҷ нафари дигар дастгир шуданд.

Ба гуфтаи сухангӯи Толибон ин амалиёт дар атрофи шаҳри Имомсоҳиби вилояти Қундуз анҷом шуд ин ҳамлаи мушакӣ дар ҳоле аст, ки давлати муваққати Толибон дар Афғонистон эълом кардааст хоки ин кишвар таҳдиде барои кишварҳои ҳамсоя нест.

Пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон аз тобистони гузашта муҳимтарин хостаи кишварҳои минтақа ба хусус ҳамсоягони ин кишвар аз давлати Толибон мумонеъат аз истифодаи террористҳо ба вижа неруҳои ДИИШ барои ҳамла ва ба хатар андохтани амнияти онҳо будааст.

 

Барчасп