Дидори муъовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси Ҷумҳурии Узбакистон
Муъовини илми ва фановарии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар дидор бо якдигар барои иҷрои тасмимоти муштарак ва тавофуқномаҳои имзошуда байни ду кишвар тавофуқ карданд.
Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқлолияти Узбакистонро дар таърихи 25 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва дар таърихи 10 май соли 1992 байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс Сурно Сатори, муъовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Эрон ва Шавкат Миризёев, раиси Ҷумуҳрии Узбакистон дар дидор бо якдигар дар шаҳри Тошканд дар мавриди тасвиби нақшаи роҳи барои иҷрои тасмимоти муштарак ва тавофуқномаҳои имзошуда аз ҷумла дар чорчуби маҷмаъи навовари ва маросимҳои тиҷоратии қарибулвуқуъи ду кишвар тавофуқ карданд.
Дар ин дидор тарафайн тавсеаи беш аз пеши равобити ҳамаҷониба Узбакистон ва Эрон барраси ва ҳамчунин барои пешбурди барнома ва тарҳҳои муштарак дар заминаҳои илмӣ, навоварӣ ва фановарӣ таваҷуҳи махсус шуд.
Муъовини илмӣ ва фановарии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва раиси Ҷумҳурии Узбакистон ҳамчунин бар густариши равобити дуҷониба ва табодулоти мутақобил таъкид карданд.