Декабр 02, 2016 16:30 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон пойгоҳи низомии Русияро таътил мекунад

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, пойгоҳи русии “Кант” дар ин кишвар пас аз поёни қарордоди он дар соли 2016 таътил мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Алмосбек Отамбоев дар конфронси матбуотӣ гуфт, пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон бояд пас аз поён ёфтани муддати эътибори мувофиқатнома барчида шавад.

Расонаҳои Русия, аз ҷумла хабаргузории “Россия сегодня” ва “Спутник” рӯзи панҷшанбе ба нақл аз Отамбоев навиштанд, Қирғизистон барои хуруҷи пойгоҳи Русия аз Бишкек талош мекунад.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба таътилии пойгоҳи амрикоӣ дар “Манас”-и Қирғизистон дар соли 2009 ишора карду гуфт: “Тасмим барои бастани ин пойгоҳ дуруст буд, мо бояд бар нерӯҳои худ такя кунем ва ин масъала марбут ба пойгоҳи “Кант” -и Русия низ мешавад.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ибрози умедворӣ кард, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия низ ин мавзеи Бишкекро дарк кунад.

Отамбоев бо ишора ба ин ки муддати эътибори мувофиқатномаи пойгоҳи “Кант” соли 2016 поён меёбад, гуфт: “Пештар мувофиқат карда будем, ки пойгоҳи низомии Русия дар атрофи Бишкек 15 соли дигар фаъол бошад”.

Пойгоҳи ҳавоии “Кант” дар 20 километрии шарқи шаҳри Бишкек, маҳалли ҳузури 400 низомӣ, маркази истиқрори як эскадрони ҷангандаи бомбафканҳои “Сухой” ва ҳамчунин чанд болгарди низомии Эм Ай -8-и нерӯи ҳавофазои Русия аст.