Ҳамкории омӯзишӣ ва низомии Қирғизистону Узбекистон
(last modified Wed, 27 Jul 2022 08:29:15 GMT )
Июл 27, 2022 13:29 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории омӯзишӣ ва низомии Қирғизистону Узбекистон

Раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо муовини аввали вазири дифои Узбекистон дидор кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон-сарлашкар  Арлис Тердикбаев-раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо сарлашкар Шуҳрат Холмуҳаммадов-муовини аввали вазири дифо ва раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Узбекистон дидор кард .
Дар ин дидор масъӯлони ситодҳои артиши ду кишвар тавофуқномаеро дар бораи созмондиҳии омӯзиши низомии Қирғизистон дар муассисоти омӯзиши олии низомии Узбекистон имзо карданд.
Ин ҳайат ба ҳамроҳи сарлашкар Холмуҳаммадов аз Академияи неруҳои мусаллаҳи Узбекистон боздид карданд.
Раиси Академия сарҳанг Бобиршоҳ Яъқубов- меҳмононро бо фаъолиятҳои донишгоҳу муассисоти низомӣ ошно карданд.
Сарлашкар Тердикбаев гуфт : Дидори ман аз Академияи неруҳои мусаллаҳи Узбекистон барои тавофуқномаи ҳамкорӣ, ки имрӯз имзо шуд бисёр муҳиму самарабахш буд, зеро ошноии наздик бо шароити муассисаи омӯзиши олии пешрави минтақа, яке аз вазоифи аслӣ аст .
Вай афзуд : Ин мавзӯъ аз аҳамияти вижае бархурдор аст, ки оғози марҳилаи ҷадиде аз ҳамкории байни вазоратхонаҳои дифои кишварҳои мо дар заминаи омӯзиши низомӣ аст .
Ҳайати Қирғизистон ҳамчунин аз кумитаи давлатии саноеъи дифои Узбекистон ва корхонаи таъмироти ҳавонавардии Чирчиқ боздид кард .