Давлати Олмон содироти таслеҳоти миллионевроӣ ба Исроилро тасвиб кард
Октябр 01, 2025 15:07 Asia/Dushanbe
Порс Тудей - давлати Олмон муҷаввизи таҳвили таслеҳот ба арзиши ҳаддиақал 2.46 миллион евроро барои режими саҳюнистӣ таъйд кардааст.
Бо вуҷӯди мамнуияти маҳдӯди содироти таслеҳот ба режими саҳюнистӣ ба далели ҷиноёти ин режим дар Навори Ғазза, давлати Олмон муҷаввизи таҳвили таслеҳот ба арзиши ҳаддиақал 2.46 миллион евроро барои ин режим таъйд кардааст. Дар баёнияи вазорати иқтисоди Олмон омадааст, ки ин маҳмӯлаҳо мунҳасиран марбӯт ба соири таҷҳизоти низомӣ ҳастанд, ба ин маъне, ки шомили таслеҳоти ҷангӣ намешаванд. Маънои дақиқи ин мавзӯ ҳанӯз мушаххас нест. /Тасним
Барчасп