Бишкек мизбони коршиносони кишварҳои ИДМ
Дар нишасти коршиносони Вазорати кишварҳои ИДМ тамҳидоти лозим барои баргузории нишасти шӯрои вазрион барраси шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин нишаст ширкаткунандагон дар бораи омодасозии нишасти ояндаи шӯрои вазирони кишварҳои узви муштаракулманофеъ, ки қарор аст аз 7 то сентябри соли 2022 дар Чулпонато баргузор шавад баҳсу табодули назар карданд.
Дар ин нишаст намояндагони полис аз вазоратхонаҳои кишвари Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Узбакситон ва ҳамчунин намояндагони дафтари ҳамоҳангии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ҳузур доштанд.
Одилбек Бибосунов, муъовини аввали вазири кишвари Қирғизистон дар суханони худ хотирнишон кард, ки қарор аст нишасти ояндаи намояндагони вазорати кишварҳои ИДМ барои аввалин бор аз замони густариши ҳамагирии Ковид-19 ба сурати ҳузури баргузор шавад, ки ин нишастҳо нақши бузурги дар эҷоди сулҳ ифо мекунад.